- майл
- [ميل]а1. хамиш, андаке ба сӯе хам шудан, тамоюл2. хоҳиш, рағбат, ҳавас; ба майли худ ба ихтиёри худ; аз пеши худ; бо майли тамом // бо камоли майл бо рағбати тамом, бо шавқу ҳаваси зиёд; бо майли хотир а) бо рағбати тамом, бо иштиёқ; б) бо хости худ; бемалол; майл доштан а) рағбат доштан; шавқу ҳавас доштан; б) хоҳиши табъ доштан ба чизе, иштиёқи зиёд доштан; майли касеро доштан моил будан ба касе; таваҷҷӯҳ доштан ба касе; майл кардан а) хамидан, каҷ шудан ба сӯе; б) хоҳишу рағбат зоҳир намудан; в) моил шудан, таваҷҷӯҳ кардан; ба майли худ гузоштан ба ихтиёри худ гузоштан (кордор нашуда) ба ҳоли худ гузоштан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.